Свернуть поиск
🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃🌃
Ассалому алайкум....
ШОМИ БА ХАЙРУ ШАБИ ХУШ !
Шод бош…
Вақте, ки ту эҳсоси шодӣ мекунӣ,
дар асл неруи шодиро ба олами ҳастӣ мефиристӣ.
👌 Ва дар натиҷа
таҷрибаҳои шод,
мавқеъиятҳои шод
ва одамони шод
дар роҳи зиндагият қарор мегиранд.
Ҳар эҳсосе, ки имрӯз нисбат ба худ ва зиндагӣ дорӣ,
фардо низ ҳамонро дарёфт хоҳӣ кард;
Ин як қонун аст.
Пас ҳамеша ҳушёр бош,
ки чӣ гуна эҳсосотро аз вуҷуди худ
ба ҷаҳон интиқол медиҳӣ.
Ин шиорро ҳамеша бо худ такрор кун:
«Ҳисси олӣ = зиндагии олӣ ва аҷиб!»
< <<ХИРАД >>>
ХОБҲОИ РАҲМОНӢ НАСИБАТОН !
🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘🌘
58 комментариев
7 классов
⚘️⚘️⚘️⚘️🏵🏵🏵🏵⚘️⚘️⚘️⚘️🏵🏵🏵🏵
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ .....
СУБҲАТОН САФОБАХШ ВА РӮЗАТОН БАРАКАТФИЗО !
Шукргузорӣ фақат гуфтани «Ташаккур» нест;
Яъне дидан ва қадр кардани зебоиҳо, ҳатто дар миёни ташвишҳои зиндагӣ. 🤍
Имрӯз барои чӣ шукргузорӣ мекунед?
• Ҳамин ки ту метавонӣ роҳ равӣ, худ як неъмат аст.
• Он ки имрӯз аз хоб бедор шудӣ, як неъмати дигар аст.
• Ҳамин ки метавонӣ бингарӣ, фикр кунӣ ва хулоса барорӣ, як неъмат аст.
• Он ки метавонӣ берун рафта, барои худат чизе бихарӣ, ин ҳам неъмат аст.
• Он ки маконе дорӣ барои баргаштан, ки онро «хона» меномӣ, ин низ неъмат аст.
• Ҳатто тавоноии хаёлпарвозӣ ҳам неъмат аст.
• Агар фурсат дорӣ, ки кори носозеро ислоҳ кунӣ, ин худ як неъмат аст.
• Он ки ту зебо ҳастӣ, як неъмати дигар аст.
• Ҳар миқдоре аз сиҳатӣ, ки дорӣ, худ як неъмат аст.
Кӯшиш кун қадри он чиро, ки дорӣ, бидонӣ.
Ин амал метавонад ҳама чизро тағйир диҳад.....
(ХИРАД)
ИМРУЗАТОН САРШОРИ ОМАДҲО !
☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️☘️
107 комментариев
9 классов
БАХТИЁР РАҲИМОВ - ЧЕҲРАИ ДӮСТДОШТАНИИ ҲАҶВИ ТОҶИК АЗ ОЛАМ ДАРГУЗАШТ
Бо андуҳи гарон ва дили пур аз дард хабари даргузашти ҳаҷвнигори маъруф, инсони соҳибзавқ ва чеҳраи дӯстдоштании ҳунару санъати тоҷик Бахтиёр Раҳимовро шунидем.
Даргузашти ӯ талафоти бузург барои фарҳанг, ҳунари ҳаҷв ва ҷомеаи адабии кишвар аст. Ӯ аз ҷумлаи он шахсиятҳое буд, ки бо табассуми самимӣ, сухани нишонрас ва ҳунари нотакрораш ба дилҳои ҳазорон мухлис роҳ ёфта буд. Ҳаҷви ӯ танҳо барои хандондани мардум набуд, балки ойинае буд, ки дар он камбудиву мушкилоти ҷомеа бо нозукбинӣ ва заковат инъикос меёфт. Ӯ бо ҳар сухан ва ҳар ҳунар мардумро ҳам ба андеша мебурд ва ҳам ба зиндагӣ умед мебахшид.
Имрӯз хомӯш шудани чунин қалби пурмеҳру пурҳикмат барои ҳамаи дӯстдорони фарҳанг дарди бузург аст. Ҷои ӯ дар саҳнаи ҳунар, дар қалби ҳаводорон ва дар таърихи ҳаҷви тоҷик ҳамеша холӣ хоҳад монд. Ҳаҷви ӯ, суханони пурмаънӣ ва хотираҳои некаш то солҳои дароз дар ёди мардум зинда мемонанд.
Ба аҳли хонавода, пайвандону наздикон, дӯстону ҳамкасбон ва тамоми ҳаводорони марҳум аз самими қалб изҳори ҳамдардӣ ва тасаллият баён менамоем. Дар ин мусибати сангин Худованди меҳрубон ба ҳамаи бозмондагон сабри ҷамил, нерӯи таҳаммул ва аҷри бузург ато фармояд.
Равони шодравон Бахтиёр Раҳимов шоду манзилаш ҷаннат бод. Номи неку хотираи равшанаш ҷовидона дар қалбҳои мардум боқӣ хоҳад монд.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
(Аз саҳифаи Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун )
7 комментариев
37 классов
🌒🌌🌒🌌🌒🌌🌒🌌🌒🌌🌒🌌🌒🌌🌒🌌🌒
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ ...
ШОМУ ШАБАТОН БА ХАЙРУ ХУШИ !
Агар хушбахтӣ як барг бошад ,
ман дарахте бароятон орзу мекунам...
Агар умед як қатра бошад ман дарёро бароятон орзу мекунам...
Ва агар дустӣ сармоя бошад ,
ман Аллоҳро бароятон орзу мекунам...
КИ ДОШТАНАШ БУЗУРГТАРИН САРМОЯ АСТ....
ДАР НИГОҲИ МЕҲРУБОНИ АЛЛОҲ БОШЕД !
ШАБИ ТИНҶУ ОРОМУ ХОБҲОИ РАҲМОНӢ НАСИБАТОН , АЗИЗОН !
🌑🌛🌑🌛🌑🌛🌑🌛🌑🌛🌑🌛🌑🌛🌑🌛
54 комментария
16 классов
🌿🌿🍂🍂🌿🌿🍂🍂🌿🌿🍂🍂🌿🌿🍂🍂
АССАЛОМУ АЛАЙКУМ.....
СУБҲАТОН БА ХАЙРУ РӮЗАТОН БЕҲТАРИН !
Медонед, ки ризқ танҳо нон ва пул нест —
он саломатии туст, оромии дил, муҳаббати аҳлу ёрон ,
ва имоне , ки туро аз бадӣ нигоҳ медорад .
Пас , шукр бигӯ барои ҳар луқма ,
ҳар нафас , ҳар субҳе , ки аз хоб бедор мешавӣ.
Зеро ҳар чизе , ки ба ту мерасад , аз дасти Парвардигор аст.....
Парвардигор меҳрро дар дилҳоятон , оромиро дар хонадонатон , файзу баракатро дар дастурхонатон ва кушоишу осониро дар тамоми корҳои шумо ҷорӣ гардонад....🤲
РӮЗАТОН САРШОРИ ОМАДҲО !
🌾🌾🍁🍁🌾🌾🍁🍁🌾🌾🍁🍁🌾🌾🍁🍁
73 комментария
32 класса
загрузка
Показать ещёДополнительная колонка
О группе
Ассалому алайкум , дустон ....
Мархаммат ба гурухи ОИНАИ ЗИНДАГИ БО НАСРИН ...Ба дигарон хам ин гурухи моро тавсия дихед...
Мехохам ин гурух оинае бошад , ки хама чурму нуксонхову камиву костихоро намоён созад ва хамагон аз паи тозаву пок сохтанаш бошем ....Аз худ шуруъ намуда , рафтору гуфтору кирдори худро дар чорчубаи адаб рост бинмоем ва бо хикояву таронаву суханхои тарбияви рохнаварди дигарон бошем.....
Показать еще
Скрыть информацию
Фото из альбомов
Правая колонка