Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон!
1. Алиф. Лом. Мим
2. Ин аст ҳамон китобе, ки дар он ҳеҷ шакке нест. Парҳезгоронро роҳнамост:
3. « онон, ки ба ғайб имон меоваранд ва намоз мегузоранд ва аз он чи рӯзияшон додаем, инфоқ(харҷ) мекунанд».
4. ва онон, ки ба он чи бар ту ва бар паёмбарони пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва ба охират яқин доранд.
5. Эшон аз сӯи Парвардигорашон қарини ҳидоятанд ва худ наҷот ёфтагонанд.
6. Кофиронро Хоҳ битарсони ё натарсони, фарқашон накунад, имон намеоваранд.
7. Худо бар дилҳояшон ва бар гушашон муҳр ниҳода ва бар рӯи чашмонашон пардаест ва барояшон азобест бузург.
8. Баъзе аз мардум мегӯянд: « Ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаем». Ҳолл он ки имон наовардаанд.
9. Инон Худову мӯъминонро мефиребанд ва намедонанд, ки танҳо худро фиреб медиҳанд.
10. Дар дилҳояшон маразест ва Худо низ бар маразашон бияфзудааст ва ба ҷазои дуруғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест дардовар.
11. Чун ба онҳо гуфта шавад, ки дар замин фасод накунед, мегӯянд: « Мо муслеҳонем» ( некӯкоронем).
12. Огоҳ бошед, ки инҳо худ фасодкоронанду намедонанд.
13. Ва чун ба онон гуфта шавад, ки шумо низ ҳамонанди дигар мардумон имон биёваред, мегӯянд: « Оё мо низ ҳамонанди бехирадон имон биёварем? » Огоҳ бошед, ки онон худ бехирадонанду намедонанд.
14. Ва чун ба мӯъминон мерасанд, мегӯянд: «Имон овардем». Ва чун бо шайтонҳои хеш хилват мекунанд, мегӯянд: « Мо бо шумо ҳастем, мо масқараашон мекунем».
15. Худост ки онҳоро масхара мекунад ва онҳоро вомегузорад то ҳамчунон дар туғёни хеш саргардон бимонанд.
16. Инҳо гумроҳиро ба ҳидоят хариданд, пас тоҷираташон суд накард ва дар шумори ҳидоятёфтагон дарнаёмадаанд.
17. Мисолашон мисли он касест, ки оташе афрӯхт, чун атрофашро равшан сохт, Худо рӯшнои аз онон бозгирифт ва нобино дар торики раҳояшон кард.
18. Каронанд, гунгонанд ва бознамегарданд!
19. Ё чун бороне сахт дар зулмат ҳамроҳ бо раъду барқ аз осмон фуруд ояд, то мабод, ки аз бонги раъд бимиранд, ангуштони хеш дар гушҳо кунанд. Ва Худо бар кофирон иҳота дорад. (бо илми худ).
20. Наздик бошад, ки барқ дидагонашонро нобино созад. Хар гоҳ равшан шавад, чанд қадаме бармедоранд ва чун хомуш шавад, аз рафтан бозистанд. Агар Худо мехост, гушҳояшонро кару чашмонашонро кур месохт,ки ӯ ба ҳар коре тавоност!

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев