Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Дар Таврот омада:
"Чун зане писар таваллуд кунад ҳафт руз нопок гардад ва чун духтар таваллуд кунад ду ҳафта нопок бимонад"
(Сифри Ловийин, Исҳоҳи: 21, фақраи: 1)
Бузургнависандаи дини Масеҳият, поп Тертуллиан (Tertullian) (ваф- 220 мил) гуфта:
"Зан даромадгоҳи шайтон бар нафси инсон, шиканандаи қонуни ҳаёт, бадкунандаи чеҳраи Худост"
Кри Сустом, руҳонии бузурги масеҳи мегуяд:
"Зан бадиест, ки аз у гурезе нест, васвасаи ҷибилли (фитри) офати марғуб, бар оилаву хона хатар буда дустдоштаи қотил аст"
Дар Фаронса соли 586 ҳиҷри / 1190 милоди, конфронсе барпо шуд, ки мавзуи он баҳси: Оё зан инсон маҳсуб ҳаст ё на? иборат буд.
Сарқонуни Англия то соли 1805 милоди фурухтани мард занашро иҷоза медод, инчунин нархи занро низ қонун ба миқдори шаш танга муқаррат намуда буд.
Чун соли 1805 ин қонун бекор карда шуд ва марде соли 1931 милоди занашро бо нархи панҷсад танга фуркхта буд, уро ба муддати даҳ моҳ зиндон маҳкум карда шуд.
Дар шариати Ҳиндуси омада аст:
"Зан бадтар аз оташ, марг, мори афъи ва ҳам бадтар аз заҳр аст"
(Доктор Мустафо Сибоъи, "Мақоми зан миёни шариат ва қонун" саҳ 18, 19. ва "Ҳиҷоб" и Аллома Мавдуди, саҳ 25)
Дар Қуръони Карим омада:
"و لهن مثل الذي عليهن بالمعروف" (البقرة 228)
"Ва занон низ болои Шумо (мардон) ҳақҳо доранд, онгуна, ки Шумо болои онҳо ҳақҳо доред"
(Сураи Бақара, ояи: 228)
Инчунин омада аст:
"يهب لمن يشاء إناثا و يهب لمن يشاء الذكور أو يزوجهم ذكرانا و إناثا" (الشورى 49-50)
"Ӯ Худованд ҳаркиро хоҳад барояш духтар ва ба ҳаркиро хоҳад барояш писар ато мекунад ва ё аз ҳарду навъ(ҳам духтару ҳам писар) барояш медиҳад"
(Сураи Шуро, ояи: 49,50)
Муфассирон гуфтаанд: Худованд дар ин ояи карима таваллуди духтарро пеш аз таваллуди писар зикр намуда аст, ки ин ишора бар баракату некии таваллуди духтар дар оила аст.
Паёмбар (салому дуруд бар эшон бод) фармуданд:
"Ҳарки ду духтари худро хуб тарбият намуда ба воя расонад, ӯ ҳамроҳи ман дар Ҷаннат чунин бошад" ва ангуштонашоро бо ҳам замм намуданд"
(Ривояти имом Муслим, ҳадиси: 2631)
Инчунин фармуданд:
"Ҳаркиро се духтар насиб гардад, ё се хоҳар дошта бошад, ё ду духтар ё ду хоҳараш насиб шуда бошад, аз Худо тарсад ва онҳоро ба неки муомила намуда тарбия дуруст кунад, мукофоташ Ҷаннат аст"
(Ривояти имом Тирмизи, ҳадиси: 1916. Абудовуд, ҳадиси: 5147. Ибни Моҷа, ҳадиси: 3696)
Низ фармудаанд:
"Беҳтарини Шумо онест, ки бо хонадонаш хушрафтор бошад ва ман хушрафтортарини Шумо бо хонадонам ҳастам"
(Ривояти имом Тирмизи, ҳадиси: 3895)
Дар саҳеҳи Муслим омада, ки Паёмбар (дуруду салом бар эшон бод) фармуданд:
"Беҳтарин доштаҳои дунё ҳамсари накукор аст"
(Ривояти Имом Муслим, ҳадиси: 2760)

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев