
Таҳлили ахири Ҷон Миршаймер, стратегисти маъруф, такондиҳандатар аз ҳамеша аст; ӯ мегӯяд: мо на бо таҳдиди хориҷӣ, балки бо раванди “худвайроншавии империяи Амрико” рӯбарӯ ҳастем.
Ба гузориши ТоҷикПресс, изҳороти Ҷон Миршаймер, андешманди равобити байналмилал, мабнӣ бар ин ки “мо шоҳиди фурӯпошии империяи Амрико ҳастем, аммо на аз берун, балки аз дарун”, бозтобдиҳандаи тағйироти амиқ дар вазъияти қудрати Амрико аст.
Ӯ бар ин бовар аст, ки Амрико на дар муқобили таҳдиди хориҷӣ, балки аз даруни сохтори низоми ҷаҳонии худ дар ҳоли суст шудан аст; ба далели ғурури империягароёна ва нокоромадии дипломатикӣ, ки аз як сӯ муттаҳидони аврупоиро аз Вашингтон дур мекунад ва аз сӯи дигар ба сиёсатҳои низомии якҷониба меанҷомад.
Ин бардошт, ҳарчанд тунд ба назар мерасад, аммо воқеиятҳоеро ошкор мекунад, ки нишон медиҳад бисёре аз нишондиҳандаҳои суннатии қудрати Амрико дар ҳоли уфул ё дучори чолишҳои ҷиддӣ шудаанд. Дар даҳаҳои пас аз поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум, Амрико ҳамчун маркази як низоми байналмилалии қоидабунёд зоҳир шуд; низоме, ки дар он паймонҳои амниятӣ, созмонҳои чандҷониба ва ниҳодҳои байналмилалӣ сутунҳои аслии муомилоти ҷаҳонӣ буданд. https://tajikpress.com/2025/12/27/%d1%84%d1%83%d1%80%d3%af%d0%bf%d0%be%d1%88%d0%b8%d0%b8-%d2%b3%d0%b5%d0%b3%d0%b5%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%8f%d0%b8-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b0%d0%b7-%d0%b4%d0%b0%d1%80%d1%83%d0%bd/

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев