М.М. Зиёда аз 13сол шуд, ки ман оиладор, аз бемехрии зан монда шудам! Чи кадар накунам, все равно нето! Гул гирифта равам: -Ха мардак, девушкатон хурсанд карда фирсондми? Гул овардед манба! Гул набарам: -Ха мардак, гул факат девушкатонба мебаридми, манба ягон бор намебиерид! Давоми хамин кадар солба, зан якбор нагуфт: -Мардак, ман шумоя дуст медорам гуфта! Чан бор гуфтам? -Чонам ман туро дуст медорам, то хатто дар чавоб: -ман хам нагуфт, чи хел рузи сахт Шукри Худо, пули нагз кор мекунам, ягон бор пули кори зан-а нагирифтиям, баъзе мардхо боин! Баъзе рузхо, зан гиря мекунад, мепурсам, чи шуд? -Хичи не, ахмият натид мегуяд! Вакте, ки мегуям, барои чи зик хасти, лекин намегуи манба, баного ягон марди дигар ба ту макул? Барои хамин зик шуди, лекин гуфта наметони! -Ман ин хел одам не, мегуяд. Шукр, ки чанто фарзанд дорем, сабаб дар хамин бошад, ки зиндагиро бо ман дида наметонаду, лекин мачбур!!! Агар ягон хатоги шавад аз тарафи ман: -Шуд мардак, ман чудо мешам гуфта дод мезанад! Чихел рафтор накунам ман одами ганда! Афти ман дар назари зан, бенихоят хунук менамояд! Арак намехурам, ба зан даст набардоштиям, девушка бози намекунам! Дар фикри чудо шави хам нестиям, лекин аз бемехрии зан, монда шудам! Мехохам оиламро нигох дорам, чи кор кардана намедонам! (Пешаки узри ман аз занхои бе шавхар) Чи маслихат метитон дар хамин холат? Чи хел ба зан расонам,ки холати дар хозир будагиш бехтарин, агар чудо шавем, хам худаш ва хам кудакхо азоб мекашанд! Илтимос, комменти нето менавистаги бошетон, бехтараш нанависетон!!
    8 комментариев
    16 классов
    Рачабали Фаизуллоев ФАРЗАНДИ СЕЮМ ( қиссаи тарбияви) қисми 1 Соати чори бегоҳ ба парасторхона расидам. Ҳаво хеле хунук буд. Дар осмон тумани ғафсе ҳама ҷоро печонида гирифта буд. Саҳни хонаи пиронсолон рӯфта, тозаю озода буд. Аз марди қоқинаи лоғарандом, ки дар даромадгоҳ рост истода, сигор мекашид, падарамро пурсидам. - Биё ҷиян, падарат ҳамроҳи дӯстону ҳампалатҳояш шашкабози дорад, - маро дида гуфт ӯ. Ба хобгоҳи онҳо даромада, лаҳзае ба бозии падарам дида духтам. Падарам машғули бози омадани манро паи набурд. - Дед, Миш, смотри твои син приехал,- аз баини ҷӯраҳои падарам, садо кард муйсафеди чашмкабуди русе ки бозии падарамро тамошо мкард. Падарам бозияшро мавқуф гузошта, аз ҷои хесту ба наздам омад. - Сорбон, писарам омади, зану кудакҳоят нағз, сиҳату саломатанд? - Ҳо, шукр ҳама нағз аз паи кору бори зиндаги, - тӯҳфаҳои овардаамро ба дасташ дода, гуфтам ба ӯ. - Биё, ба болои каровати ман рафта мешинем, - маро ба сӯи симкати хобаш даъват кард падарам. Мо падару писар якҷо рафта болои каровати симдор нишастем. - Дар баини якмоҳ риш мондаи падар, - ба чеҳраи рангпарида ӯ нигариста гуфтам. - Пир, ки шуди аз куҷо ҳавсала мекуни, ки як рӯз баъд риш гири, - чеҳраи ҳаирони маро дида гуфт падарам. - Либосхоятонро сари вақт шустушӯи мекунанд? - Дар инҷо моро хуб нигоҳубин мекунанд, ҳеҷ камбуди надорем, фақат гоҳ- гоҳе Шуморо ёд карда ғамгин мешавам,- дастҳои шахшулашро ба пуштам тап- тап зада гуфт падарам. - Набераам Собиронро наоварди, ман хеле ёдаш кардам, - тӯҳфаҳои овардаамро ба тумбочкаи паҳлуи кароваташ ҷои карда, нидо кард падарам. - Дада, вазъи сиҳатию саломатии худатонро аҳамият диҳед, набераро чи мекунед? - суханҳои уро шунида ҷавоб додам ба ӯ. - Бачам, росту лекин набера боз аз фарзанд ширинтараи! Ҳамроҳи падар ним соат нишаста сӯҳбат кардам. Вақти хестан падарам аз тумбочкаи паҳлуи ҷои хобаш се- чор дона себ, як- ду дона нонҳои қоқи бозори ба халтаам андохта гуфт: - Дар хона, ки расиди, себҳоро ба набераҳоям тақсим кун,- таъкид кард падарам. Аз хонаи пиронсолон ҳарчанд падарамро дида бошам ҳам ғамгин баромадам. Хона расидан замон ҳамин ки дарро кушодам, Сорбон дав- давон ба пешам омад. - Дада, бобома диди, чиба бобома наоварди, мо ёдаш кардем, - бо лаҳни ширини кудакона пурсид аз ман писарчаи калониам Сорбон. - Бобоят наомад, тобистон шавад меояд, - фаҳмондам ба Сорбонҷон Кӯдакҳо себҳои фиристодаи бобояшонро гирифта дигар чизе нагуфта, аз наздам ба хонаи дигар рафтанд. - То пиракии дадаатро хабар нагирифти, дилат ором нагирифт,- овозҳои маро бо кӯдакон шунида аз хонаи дохил баромада ба наздам омад занак. - Чаро чеҳраат гирифта ин қадар нороҳати? - пурсидам аз ҳамсарам. - Одам як ҷо ки хест, ақаллан бо телефон занг мезанад - Дигар ҳар қадами мондагиямро бо ту барин занаки шилқин ҳисобот диҳам. - Охир мардаки хонаи, як кас туро мепурсад, мо намедонем дар куҷои? - Э, бас кун, сабабгори ба хонаи пиронсолон афтидани падарам туи, як муйсафедро нигоҳ карда натавонисти, пагоҳ дар назди Аллоҳ чи ҷавоб медиҳи! Ҳамсарам дид, ки ман хашмгин ҳастам аз наздам ба ошпазхона рафт. ( давом дорад)
    2 комментария
    18 классов
    Дар кабристон касе телефон надошт. Дуруд дустони азиз. Умедворам ,ки хама хубед.Шукри буданатон. Дируз нисфирузи ба чанозаи як дусти олмониамон рафтем.Ин нафар солхои зиед дар хифзи ичтимои кор карда байни мардуми ин шахр эхтироми хосса дошт. Зиеда аз 300 нафар одамон барои ба рохи охират гусел кардани у омада буданд.Бовар кунед ,як чи маро сахт ба хайрат овард.Аз хешони наздикаш сар карда то дигар одамони ба чаноза омада хама телефонхои худро дар кисаву сумкахояшон пинхон карда ягон нафар хатто як дакика ягон чизеро як сония хам сабт накарданд.Ман хам телефонамро хомуш кардам. Ба хотирам омад ки дар ватан вакти чанозаи як хамкорамон даруни гур гузоштани майитро хама ба навор мегирифтанд.Аммо бори аввал дидам ки касе телефон нагирифт ва навор набардошт. Кош дар ватани мо хам чунин бошад ,касе часади мархумро ба навор нагирад. Одам, ки рафт ,дигар танхо дуои нек кофист. Чи фикр доред азизон ? Шахлои Начмиддин
    1 комментарий
    16 классов
    Чи шуд ба ин кошонаи мо Куҷо шуд чойхонаи мо Куҷо шуд бо ном Гурги пир Ё ин ки ӯро карданд сари як тир Куҷо шуд ёрони ҷони Куҷо шуд Лоиқи Хатлони Куҷо шуд Хушбахти Дарвози Ҳама буданд аз ӯ рози Куҷо шуд Замираю Тоҷи Ё шуданд онҳо Ҳоҷи? Куҷо шуд Муҳаббату Нигор Ки мекарданд бо ҳам дидор Куҷо шуд чойхонаи Ҷоми Мерафтем ба меҳмони Мезадем шашлику кабоб Бе ягон суму сомони Куҷо шуд Акбару Қадриддин Акаи Файзимаҳмаду Тоҷиддин Фақат намоён аст апаи Шаҳло Дар ҳамаи ҷо дастболо Чаро ҳама шуданд хомӯш Якдигаро карданд фаромӯш.
    80 комментариев
    39 классов
    Такдир кисми 3 анчом Муаллиф Шахлои Начмиддин Озода дилаш шикаста ,озурда зери лаб такрор ба такрор мегуфт;ох Шароф,ту чи хел забонат гашт ,ки калимаи се талокро гири?Магар ишкат дуруг буд ?Мо дигар ба руйи якдигарро дидан хак надорем.Меравам ба хонаи апаам ба шахри Казан ,кор мекунам,фарзандрнамро ба воя мерасонам. У ба хонаи падар омад ва ният кард ,ки баьди ягон мох ба шахри Казан меравад.Аммо падари бадкахраш гуфт ,ки мо писаронатро калон мекунем,туро ба шавхар медихем.Дигар харгиз зани дуюм намешави.Ана окибаташ. -Не падар ман намехохам ба шавхар бароям. -Ман падарат чизе гуям набояд сарпечи,сарпечи аз хукми падар сарпечи аз Худо аст.Фахмиди ? -Фахмидам.Аммо танхо бо писаронам метавонам розиги дихам.Вагарна ман рози нестам. Падар уро ба як марди занмурда ба шавхар дод.Шавхараш бо як духтарчааш дар Корея зиндаги мекард.Онхоро баьди издивоч бо худ ба Корея гирифта бурд. Аммо Шароф баьди рафтани Озода ва шавхар кардани у якбора бемор шуд. Ба васвос фитод. Рӯзҳо хомӯш менишасту шабҳо то саҳар чашм ба шифт медӯхт. Овози хандаи фарзандонаш гӯшашро тарк намекард. Модараш борҳо гуфт: — Писарам, худро ба даст гир. Он чӣ шуд, гузашт.Фикри ин зану шаш фарзандонатро кун. Аммо Шарофҷавоб медод: — Чӣ тавр фаромӯш кунам? Ман бо забони худам бахтамро сӯзондам. Агар ҳамон се калимаро намегуфтам, имрӯз Озода ва фарзандонам дар оғӯшам буданд.Айби келинатон шуд.Ман уро чашми дидан надорам.Хотири фарзандон зистан ба дилам зад.То кай худамро курбони созам ? Ҳолати ӯ рӯз аз рӯз вазнинтар мешуд. Ба кор намерафт, иштиҳо надошт ва шабҳо аз хоб бо ҳарос бедор мешуд. Ниҳоят як рӯз назди духтур рафт. Духтур баъди муоина гуфт: — Бемории ҷисмонӣ нест. Факат оромӣ . Аз тарафи дигар, Озода дар Корея зиндагии навро оғоз кард. Бо вуҷуди эҳтироми шавҳараш, қалбаш ором намегирифт. Ҳар шаб пеш аз хоб пинҳонӣ ашк мерехт. Рӯзе телефони апааш занг зад. — Озода, хабари Шарофро шунидӣ? Дили Озода якбора ларзид. — Не.Чӣ шудааст? — Мегӯянд сахт бемор шудааст. Аз рӯзе ки ту рафтӣ. Озода хомӯш монд. Ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Медонист, ки роҳи онҳо дигар аз ҳам ҷудо шудааст. Аммо дилро наметавон ба фармон итоат кунонд. Ӯ танҳо зери лаб гуфт: — Худоё, ба ӯ шифо бидеҳ. Ҳарчанд дигар насиби ҳам нестем, намехоҳам ранҷ кашад. Худое дарди сарашро набинам. Шароф ба истирохатгохи Кайрокум рафт ,табобат гирифт. Аммо бемориаш зиед авч мегирифт.Бо хамсараш доимо дар чанчол буданд.Писари калониашро зан дод.Бо хохиши писараш духтарро келин карданд. Мехост Озодаро фаромуш созад ,наметавонист.Магар диле дуст медорад ,бад дида метавонад ?Ин умр як бор аст,одамизод мехохад хушбахт бошад ,вале вакте дар дил мухаббат нест ,хотири фарзанд зиндаги кардан баробари хар руз як бор мурдану боз зинда шудан будааст. Шароф аз фикри зиед якбора гамбодда шуд. Худаш ба худаш гап мезад ,хамсарашро пеш мекард.Падараш ин холати писарашро дида аз кори кардааш сахт пушаймон шуд.Охир як рузи хурсанди бо одами дилхох зистан аз сад рузи зикки бо одами дил намехостаги зистан бехтар аст. Писараш аз мухаббати чонсузи Озодаву писаронаш сухта сухта охиста охиста бемориаш бештар авч мегирифт. Рузе холаташ сахт бад шуду уро ба беморхона бурданд фавран.Падару модараш хам рафтанд. У дар шуьбаи эхе буд.Духтури навбатдор гуфт ,бобочон ,холати писаратон хуб нест ,кафолати зинда мондани у хамаги як фоиз аст.Он тарафаш дасти Худо. Муйсафед дилашро дошту зори кард ки бигузорвнд як дакика ба шуьбаи эхе дарояд. У болои сари писараш истода гуфт :бачачон,маро бубахш ,бачачон хаети туро аз аввал сузондам.Мани гунахкор хозирам чонамро барот бубахшам,навбати ман аст мурдан на аз ту.Ох бачаи ба мехр зори ота. Маро бубахш... Вале Шароф дигар сухан накард.Факат як бор номи Озодаро гирифту халос. Шароф рафт бо дили пур армон аз ин дунеи фиреб. Гунохаш ин буд ки дуст дошт дигареро.Мехост танхо хушбахт бошад.Вате Такдир дигар чи навишта буд ба китоби сарнавишти у. Тақдир уро накушт, ӯро ҳасрати ишқи норасида ва армони бахт кушт. Муаллиф Шахлои Начмиддин
    2 комментария
    27 классов
    Муаллиф Шахлои Начмиддин Такдир кисми 1 Шарофро дар синни 18 солаги боре хатто аз дилаш напурсида ба духтари як хеши дурашон туй карда доданд. Шароф писари ягонаи хонавода баьди се апахояш дигар чизе нагуфту бо ин духтарак хонадор шуд. Харду хамсол буданд.Хамсараш пайи хам фарзанддор мешуд.Зиндагиашон ором бидуни ишку мухаббати хакики охиста охиста мегузашт.Шароф баьди хатми донищгох дар пойтахт ба яке аз вазоратхо кор рафту бо исрори падараш он чо хона харида зану шаш фарзандони кучакашро бурд. Шароф гоххо дар танхои фикр мекард ,ки зохиран хуб аст ,шукр шаш фарзанд,падару модар зану апахои мехрубон дорад ,аммо чаро як тарафи дилаш хамеша холиву зиндагиаш якхела мегузарад.Хушбахт нест ,чаро ? Агар дар дил муҳаббат нест, тамоми ҷаҳон холӣ ва бемаъност. Шароф хамсарашро эхтиром мекард ,аммо харгиз дуст надошт.Хатто мехри фарзанд 0ам ишки занашро ба дил наевард. Аммо хотири хотирхо зиндаги дошт Ба корхонаашон чавонзани зебои хушмуомилае ба кор омад.Шароф бо як нигох ошики ин чавонзани мавзункомати муйдарози либосзеб шуд. Баъзан як нигоҳ метавонад бештар аз ҳазор калима ваъда диҳад ва сарнавишти як умрро тағйир диҳад.Барои шинохтани касе солҳо лозим аст, аммо баъзан танҳо як нигоҳ кифоя мекунад, ки дил фармон диҳад.Гоххо ду кас бидуни гӯфтани як калима, танҳо бо як нигоҳ маҳрами роз ва самимияти ҳамдигарро ҳис мекунанд. Чавонзан хам бо як нигох дил ба Шароф дод.Озода ду сол боз бо сабаби бефарзанди ,ки аслан айби собик шавхараш буд ,чудо шуда дар хонаи ичора танхо мезист. Шароф хис кард ,ки бидуни ихтиер ошик шудааст. Ох. ..ишк ин кадар содда ,самими ва ширини.Аз дил мегузаронид Шароф. Ишқ ин яке аз бузургтарин ва пурасрортарин мафҳумҳо дар таърихи башарият аст. Ба ин савол мутафаккирон, шоирон, афсонанависон ва ҳатто омилони илм посухҳои гуногун додаанд. Шароф баьди ошик шудан хамеша хурсанд буду бо хама мехрубони мекард.Хамсараш ин ширинзабонии уро дида хайрон шуд.Охир тули ин солхо шавхараш доимо гамгину хотирпарешон буд,ягон бор самими намехандид.Шароф ба Озода изхори мухаббат кард. Озода гуфт ки ту зану шаш фарзанд дори,ман наметавонам оилаи туро вайрон кунам. -Ту оилаи маро вайрон намекуни.Ман модари фарзандонамро харгиз намепартоям.Аммо барои мухаббати дили худам туро никох мекунам.Чунки туро дуст медорам.Рози шав илтимос. Озода ки рафтору кирдори хуби хамкорашро кайхо назорат карда буд ,рози шуд.Онхо пинхони никох карда зану шавхар шуданд.Бо хам хеле мехрубон ва хушбахтиашон хадду канор надошт.Бо як маьни якдигарро мефахмиданд.Дере нагузашта бо кисмати Худованди онхо сохиби дугоник писар шуданд. Зиндагиашон 10 сол идома ефт. Рузе зани якуми Шароф аз зани дуюм доштани шавхараш бохабар шуду киемат барпо кард.Гуфт ки меравам ба полис ариза менависам,конуни мумкин нест ду занаги.Ба чойи корат меравам. Ба хонаи Озода омада чангу чанчол бардошт,Озодаро пеши хамсояхояш хакорату дашном дод. Хуллас чанчол ба хадде расид ,ки падари пиру бемори Шароф дахолат кард.У харду занхои писарашро ру ба ру шинонда гуфт ;писарам пеши ман пеши занат ,зани дуюмвтро чавоб медихи.Вагарна ,ок мекунамат. Шароф аз газаби падар тарсида ба суйи Озодаи гирен нигариста базур зери лаб гуфт ,чавобатро додам. -Не,не дод зад зани якумаш,бигу се талокаш кардаи. Озода ин дам мегиристу чизе намегуфт. Падараш бо кахр гуфт :писарам зуд бош. Шароф якбора сари кахр гуфт ;Озода ,се талокат кардам. Ин лахза гуе осмон ба сари Озода фуру рехт. Мехост бимирад.Онхо аз хонаи у баромада рафтанд.Шароф хатто охирин бор ба у нигох накард. Падараш гуфт ,бачам инро низ бояд донист ,ки баъди вукуъи се талок дигар зан ба шавхараш чоизунникох нест.Фахмиди ? Шароф чизе нагуфту ашки чашмонашро пок карда баромада рафт. Озода баъди рафтани онҳо то дергоҳ аз ҷой наҷунбид. Ашкаш аллакай хушк шуда буд. Вақте ғам аз ҳад мегузарад, дигар ҳатто гиря ҳам намемонад. Писаронаш хонаи бобояшон буданд. Ӯ оҳиста ангуштарини никоҳашро аз даст кашид. Ба он чанд лаҳза нигоҳ кард. – Магар ин ҳама хоб буд?..Дар ҳамин дам садои дар баланд шуд. Писарони дугоникаш аз хонаи бобояшон баргаштанд. Ҳарду бо чеҳраи хандон худро ба оғӯши модар партофтанд. – Очаҷон, падарамон ку? Озода нафасашро нигоҳ дошт. Ин савол аз ҳама сахттар буд. Бо ҳазор заҳмат лабханде сохту гуфт: – Падаратон имрӯз кор дорад. Кӯдакон бовар карданд. Аммо модар медонист, ки рӯзе ҳақиқат мисли шамшер пеши онҳо хоҳад истод. Он шаб дугоникҳо дар оғӯши модар хоб рафтанд. Озода бошад, то саҳар болои сарашон нишаст. Ба чеҳраи фарзандонаш нигоҳ мекард. Дар ҳар яки онҳо сурати Шарофро медид. Ҳар боре ки якеашон дар хоб дадамегуфт, қалби ӯ пора-пора мешуд. Охир кудакон гунох надоранд. Идома дорад Шахлои Начмиддин
    1 комментарий
    22 класса
    Ба мо менависанд. Ассалому алайкум, дӯстони азиз ва хонандагони меҳрубон. ​Номи ман Сокина аст. Имрӯз бо як дарду ташвиши дил, ки вақтҳои охир ҳаёти маро хеле душвор ва хотирамро ошуфта сохтааст, ба шумо муроҷиат мекунам. ​Мутаассифона, ман ба дарди фаромӯшхотирӣ гирифтор шудаам. Баъзан чизҳои хеле оддиро зуд аз ёд мебарам: ​Соатҳо кофтани ашёе, ки чанд дақиқа пеш дар кадом ҷо гузошта будам; ​Аз хотир баровардани супоришҳои муҳими рӯзмарра ва нақшаҳо. ​Фаромӯш кардани номи одамон ё мазмуни суҳбате, ки ҳамин чанд лаҳза пеш доштем. ​Ин ҳолат маро дар назди наздикон ва пайвандонам хиҷолатзада мекунад, диламро мешиканад ва баъзан маро ба пайдо кардани тарсу изтироб мувоҷеҳ месозад. Метарсам, ки ин ҳолат рӯз то рӯз бадтар шавад. ​Медонам, ки дар байни шумо инсонҳои таҷрибадор, донишманд ва дилсӯз хеле зиёданд. Аз ин рӯ, самимона аз шумо маслиҳату ёрӣ мепурсам: ​Шумо барои мустаҳкам кардани хотира ва фикр чӣ роҳҳоро тавсия медиҳед? ​Аз таҷрибаи худ ё наздиконатон кадом усулҳо ба шумо кумак кардаанд? ​Ба кадом табиб ё мутахассис муроҷиат карданам беҳтар аст? ​Чӣ тавр метавонам бо ин ҳолат мубориза барам? ​Ба ҳар як маслиҳат, тавсия ва сухани дилгармкунандаи шумо аз таҳти дил миннатдорӣ изҳор мекунам. Лутфан, таҷриба ва фикрҳои худро дар шарҳҳо (комментарияҳо) бинависед. Дуо ва маслиҳати шумо барои ман хеле муҳим аст. ​Бо эҳтиром ва умеди беҳбудӣ, Сокина
    10 комментариев
    8 классов
    Китоб то хануз дусти ман аст. Дируз дар Фейсбук чашмам ба наворе фитод ,ки дар кадом минтакае китобхо сухта истодаанд. Якбора хаелотам ба гузаштаи дури ширин рафт. Падарам дар хона китобхои зиеде дошт.Ба замми ин ба хама мачаллахо,рузномахо обуна буд.Ман аз синни шашсолаги аллакай харфхоро мешинохтаму харфаки китоби афсонахои Андерсенро ки рахмати тагочонам тухфа оварда буд ,мехондам. Ба китоб ошик будам ,гуям хато намекунам. Падарам гоххо чанг мекард ,ки зиед китобхои бадеи нахон ,ту бояд духтур шави,бештар ба дарсхои химия,биология таваччух кун. Аммо ман дустдори китоб будам.Тамоми китобхои китобхонаи дехаамонро хонда баромадам гуям ,хато намекунам. Гоххо худро аз китоби Чаманоро духтарчаи часур тасаввур мекардаму гоххо мафиуни романхои машхури Хилолиени Аскар,Бахром Фируз мегаштам. Романи Шахло ва Шифои Аминчон Шукухиро азед карда будам,хар вакт он лахзаеро мехондам,ки Шахло руйи дастони Шифо мемирад бо сабаби бемори ,ман хам зор зор мегиристам. Хуллас ,вакте китобхонаи дехаамон дар чанги шахрванди сухта хокистар шуд ,ман мисли кудакон зор зор гиря мекардам. Холо хам китобро дуст медорам.Ва китоб мехонам. Афсус ки фарзандонам китобро дуст намедоранд. Китоб бошад як лаззати эстетики медихад.Ин лаззатро танхо шахси китоб мехондаги дарк мекунад. Шумо холо хам китоб мехонед ? Шахлои Начмиддин
    2 комментария
    17 классов
    Намегардад Кошона ҳеҷ фаромуш., Буданд дустони бо нангу номус. Ҳама буданд дар чойхона сарҷамъ, Шамоли зиндаги бурд ҳамаро ҳар суй. Яке дустон буд бо ном , акаи Ҷоми, Ки бо хармолёташ мебурд ҳар суй чошни. Бо ном буд боз яке мулло Акбар, Агар зангир шуди мешуд у қози. Ки Қадриддин буд боз як дусти фидокор, Ки дар чойхона буд банд доим серкор. Ҳамон рузе, ки Тоҷиддин шуд зангир, Ҳама рафт аз пайи кору бори зиндагию тақдир. Шукри ҳамон Шаҳлобонуи админ, Мекунад Кошонаро бо маводҳои хуб таъмин. Дигар ҳама дустон саломат бошед , Гоҳ гоҳе аз мани ганда ёд кунед. Ф.Файзиев 31-07-2026.
    7 комментариев
    17 классов
    БАЙТҲОИ БАЁДМОНДАНӢ АЗ ҲАМАСРОНИ УСТОД РӮДАКӢ ШАҲИДИ БАЛХӢ Боадабро адаб сипоҳ бас аст, Беадаб бо ҳазор кас танҳост. *** Ишқи ӯ анкабутро монад, Битанидаст тафта гирди дилам. *** Агар ғамро саросар дуд будӣ, Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона. *** Ҳазор кабк надорад дили яке шоҳин, Ҳазор банда надорад дили худованде. ШОКИРИ БУХОРОӢ Ба он кас, ки ҷонаш зи дониш тиҳист, Ситеҳиданат мояи аблаҳист. АБУЛМУАЙЯДИ БАЛХӢ Далере, ки тарсад зи пайкори шер, Зани зоҷ хонаш, махонаш далер. АБУИСҲОҚИ ҶӮЙБОРӢ Буте, ки хастадилонро ба бӯса дармон аст, Дареғ дорад аз ин дарддида дармонро. АБУЛМАСАЛИ БУХОРОӢ Сипоҳе, ки дорад сар аз шаҳ дареғ, Бибояд ҳамекафт он сар зи теғ. РОБИА БИНТИ КАЪБ (РОБИАИ БАЛХӢ) Ишқ дарёи каронанопадид, Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд. *** Наим бе ту нахоҳам, ҷаҳим бо ту равост, Ки бе ту шакар заҳр асту бо ту заҳр асал аст.
    3 комментария
    13 классов
Закреплено
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
  • Класс
Показать ещё