Свернуть поиск
Дополнительная колонка
Правая колонка
Дилшод Назаров аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон овард.Зайтуна Самадова, модари Дилшод Назаров рӯзи 20-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ғолибияти писарашро пирӯзии тамоми миллати тоҷик гуфт. Вай гуфт, ки тамоми шаб аҳли хонаводаи онҳо хоб накарданд ва пушти экрани телевизион мунтазири баромади Дилшод буданд.Вай афзуд, гурзандозӣ ва пирӯз шудани Дилшодро аз телевизион бо чашмони худаш дид ва то ҳол бовараш намеояд, ки Дилшод қаҳрамони олимпӣ шудаст. “Ба пирӯзии Дилшод вақте бовар мекунам, ки медали ба даст овардаашро ба дастам бидиҳад”- иброз дошт Самадова.Хонум Самадова гуфт, Дилшод ҳамеша қабл аз ҳамаи сабқатҳо телефон карда ва аз ӯ дуо мегирифт: “Ин шаб ҳам пеш аз мусобиқа ӯ телефон кард ва ман ба ӯ дуои нек додам”. Ба қавли модари Дилшод Назаров, ӯ дар ин тамоси телефонӣ гуфтааст, ки агар пирӯзӣ ба даст биёрад, ин ғалабаро ба арвоҳи падараш ва мардуми Тоҷикистон мебахшад. http://www.ozodi.org/a/mother-of-dilshod-nazarov-about-his-son-succes-in-rion/27935056.html

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев