Матни шеърҳои Хонда шуда.
Сабзаи хоки ватан аз сунбули бегона беҳ,
Саъваи боғи ватан аз булбули бегона беҳ.
Дашту саҳрои ватан моро
гулистони ирам,
Як гули хори ватан аз сад гули бегона беҳ.
Пораи нон дар ватан ори ба каф бо нақди ҷон,
Аз ҳазору як кабоби бепули бегона беҳ.
Пораи абри ватан авлотар аст, аз дебои Рум,
Қатраборонаш зӣ дарёи мулки бегона беҳ.
Тахтаи санги ватан тахти
Сулаймони ман аст,
Ҳанзали талхи ватан аз омули бегона беҳ.
Марзаи кишти ватан кам нест аз девори Чин,
Каҷпули хурди ватан аз шаҳпули бегона беҳ.
Чашми махмуриву холи ёр афсунгар вале,
Чор тори зулфаш аз чил кокули бегона беҳ.
❤❤❤
Ман булбуламу ватан гулистони манаст,
Чун модари мехрубон нигахбони манаст.
Ин ватан аст, ки ман дар ишқаш ғарқ шудам,
ин аст ки ишқи ману чони ман аст
Дар сархати хар китоби ман номи ватан,
Точи сари санъати сухан номи ватан.
❤❤❤
Ë Раб ба Ману ҳоли ғарибон назаре кун, В-аз айби Ману таксири эшон гузаре кун. Бечораву мискинаму, саргаштаву ҳайрон, Аз ҳоли Мани зор ба ёрон хабаре кун. Дурам зи Ватан фитода дар шаҳри ғарибӣ, Бо лутфу карам шоми ғарибон саҳаре кун. Дар ёди Ватан ҷону дили ман, ки хазон шуд, Дар боғи дилам лолаву райҳон самаре кун. Дар ёди Ватан хаставу зорам чу гадое, Раҳме ба мани хастаи хуни ҷигаре кун!
Камоли Хуҷандӣ
❤❤❤
Мо ғарибонему доим ёди дӯстон мекунем, -Мисли кабки дар қафас ёд аз кӯҳистон мекунем. -Эй азизон дар ғариби умри мо барбод рафт, -К-аз Ватан дур, орзуи Тоҷикистон мекунем. -Ташнаи оби Ватан, чун дар биёбонем мо, -Аз ғаму андуҳи ғурбат сина бирёнем мо, -Бо дили пурғуссаву бо чашми гирёнем мо, -К-аз Ватан дур,орзуи Тоҷикистон мекунем. -Модарон бо чашми чор дар роҳи моён интизор, -Ҳам падар ,бо оҳи хомуш сина бирён интизор, -Хоҳарону додарон ба чашми гирён интизор, -К- аз Ватан дур, орзуи Тоҷикистон мекунем.
❤❤❤
Эй шоми ғарибӣ нотавонам кардаи,Дар мулки мусофирӣ маконам кардаӣ.Ин ғурбати ғам ҷони дилам месӯзад,Дар ҳасрати ёри меҳрубонам гирифторам кардаи. Эй, шоми ғарибӣ ту забунам кардаӣ,Дар ишқи ватан чу Маҷнунам кардаӣ.Аз ёру диёр ба солҳо гашта ҷудо.Эй, шоми ғарибӣ дилхунам кардаӣ.. Ин шоми ғарибӣ бенавоям кардааст,Аз ёру диёр зинда ҷудоям кардааст.Ҳарчанд бинолам аз ин ишқи ватан,Ин шоми ғарибӣ бесадоям кардааст. Ин шоми ғарибӣ ба ҷонам кардаст,Ин дарди фироқӣ нотавонам кардааст.Дар ишқи диёру ёр сӯзам шабу рӯз,Зеро, ки ғарибӣ бе маконам кардааст.!
Дӯстони азиз дастгири намоед!
Биография Хабиб Нурмагомедов
https://youtu.be/vmVNHlH0s6Q
Ҳоҷи Мирзо дар пушти доллар чи навишта шудааст?
https://youtu.be/BbgXVtKXBxg
Девори бузурги Чин маълумоти аҷиби илми таърих
https://youtu.be/gT2YzlyaRJ8
Пандномаи зиндаги ҳамеша хурсанд бошед
https://youtu.be/_NH9uJuXsnU
Барои онҳое, ки дар оташи ъишқ месӯзанд.
https://youtu.be/jEJ1xLf0E1Y
Хоксории ҳотами той
https://youtu.be/nEkudXyLtbc
Шоҳи Араб ва Маҷнун
https://youtu.be/pfOeMgvIAqk
Мадади Сино ибни Сино ва ҷавони ошиқ
https://youtu.be/WzrSo-F71O8
Ҳабиб бо кудаки бе пой футбол бозид!
https://youtu.be/-zXEgK9BdA8
Модар боис шуд ягона фарзандашро ба дор кашиданд
https://youtu.be/fA37rfveiaM
Мо дар инстаграм-Roghun_MTV
Дар ОК, Вайбер, Имо, Телеграм, 915963646
Ташаккур, ки бо мо ҳастед ДАСТГИРИ НАМОЕД!НАВОРО БА ҒАРИБОН РАСОНЕД ТО ДАРДАШОН ТАСКИН ЁБАД.